- занг
- I[زنگ]1. ғуборе, ки дар рӯи филизоти дар ҷои нам истода ба вуҷуд омада, онро оҳиста-оҳиста нобуд мегардонад; занг задан (бастан) зангор гирифтани рӯи филиззот, мурёна2. маҷ. ғубор, кудурат; занги дил ғубори дил; ғаму андӯҳ3. танаи ғафси токII[زنگ]1. олати қуббашакли филизии дарунхолие, ки овезаи дар дарунаш буда вақти ҷунбондан ба девораҳо расида, садо мебарорад, зангӯла, ҷарас: занги дар (дарвоза), занги соат, занги мактаб, занги телефон, соат занги нӯҳро зад2. зангӯлачаҳое, ки раққосагон ба дасту пои худ мебанданд ва дар вақти даст ҷунбондан ва по кӯфтан садо медиҳанд◊ занги нӯш садои ба ҳам задани ҷомҳо дар базми шароб
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.